Дар кишвари мо оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, ошкорсозии барвақт ва табобати самараноки бемориҳои вазнин пайваста корҳо анҷом дода шудаанд. Дар ин замина, расонидани кумаки махсусгардонидашуда ба беморони гирифтори бемориҳои онкологӣ, гематологӣ ва онкогематологӣ, инчунин рушди хидматрасониҳои паллиативӣ ва хоспис аҳамияти махсус пайдо мекунад.

Дар тақдимот тадбирҳо оид ба такмили низоми пешгирӣ, ташхиси барвақт ва табобати бемориҳои онкологӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Тавре зикр шуд, ҳадаф гузошта шудааст, ки фарогирии аҳолӣ бо муоинаҳои мақсадноки тиббӣ барои намудҳои бештар паҳншудаи саратон то 60 фоиз расонида шавад, инчунин нишондиҳандаи зиндамонии панҷсолаи беморони гирифтори бемориҳои онкологӣ аз 35 на камтар аз 45 фоиз баланд бардошта шавад.

Барои ин, аз соли 2027 дар минтақаҳо марҳила ба марҳила Барномаи миллии мубориза бар зидди саратон, ки бо иштироки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва коршиносони байналмилалӣ таҳия шудааст, ҷорӣ мегардад.

Дар доираи ин барнома сатҳи ҳушёрии онкологӣ миёни кормандони звенои аввалияи кумаки тиббию санитарӣ баланд бардошта мешавад. Онҳо аз рӯи ошкор кардани нишонаҳои барвақти бемориҳои онкологӣ ва сари вақт равона кардани беморон ба муассисаҳои махсусгардонидашуда бозомӯзӣ мегузаранд.

Илова бар ин, дастурамалҳои клиникӣ дар асоси тавсияҳои байналмилалӣ қабул карда мешаванд. Дар самти онкология усули дастаи бисёрсоҳа ҷорӣ мегардад — яъне ташхис ва табобати бемор бо иштироки якчанд мутахассис анҷом дода мешавад.

Барномаҳои ташхиси барвақти намудҳои бештар паҳншудаи бемориҳои онкологӣ таҳия ва тадриҷан дар амал татбиқ карда мешаванд. Пешбинӣ шудааст, ки низоми ташхиси фаврӣ роҳандозӣ гардад, ки имкон медиҳад дар муддати кӯтоҳ беморон пурра муоина шуда, ташхис муайян карда шавад.

Ба навсозии хизмати терапияи нурӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Аз ҷумла, таҷҳизоти кӯҳнашудаи кобалтӣ тадриҷан бо суръатдиҳандаҳои хаттии муосир иваз карда шуда, имкониятҳои брахитерапияи баланддоза васеъ мегарданд.

Ҳамчунин масъалаҳои рушди кумаки паллиативӣ ва хоспис баррасӣ шуданд. То соли 2030 пешбинӣ шудааст, ки фарогирии аҳолӣ бо чунин намудҳои кумак ҳадди ақал ба 80 фоиз расонида шавад.

Бо ин мақсад, аз 1 сентябри соли 2026 дар ҷумҳурӣ низоми ягонаи расонидани кумаки паллиативӣ ва хоспис дар асоси ҳамгироии хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ таъсис дода мешавад. Равандҳои ошкорсозӣ, роҳнамоӣ, бақайдгирӣ ва хизматрасонӣ ба шахсони ниёзманд тавассути низоми иттилоотии электронӣ амалӣ мегарданд.

Фаъолияти бригадаҳои сайёри паллиативӣ ба роҳ монда мешавад, ки дар хона ба беморон кумаки тиббӣ ва иҷтимоӣ мерасонанд. Кумаки паллиативии статсионарӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин хосписҳо пешниҳод мегардад.

Бо дарназардошти эҳтиёҷоти аҳолӣ, муассисаҳои хоспис марҳила ба марҳила дар тамоми минтақаҳо таъсис дода мешаванд. Хосписи байниноҳиявии шаҳри Тошканд ҳамчун муассисаи масъул барои роҳбарии методологии кумаки паллиативӣ ва хоспис, инчунин мусоидат ба ташкили чунин хизматрасониҳо дар минтақаҳо муайян мегардад.

Дар марҳилаи аввал дар ноҳияи Мирзо-Улуғбеки шаҳри Тошканд бригадаҳои сайёри паллиативӣ ташкил карда мешаванд, ки ба беморони гирифтори бемориҳои онкологӣ ва ниёзманд ба кӯмаки паллиативӣ ва хоспис дар хона хизмат мерасонанд. Дар вилояти Самарқанд барои кудакони гирифтори бемориҳои вазнин ва табобатнашаванда маркази кумаки паллиативӣ дар шакли хоспис кушода мешавад.

Ба бемороне, ки дар низоми иттилоотии электронӣ ҳамчун ниёзманд ба кумаки паллиативӣ ва хоспис ба қайд гирифта шудаанд, бо қарори комиссияи тиббию иҷтимоӣ гурӯҳи маъюбӣ бе гузаронидани ташхисҳо ва муоинаҳои иловагӣ таъин карда мешавад. Бемороне, ки ба нигоҳубини хонагӣ ниёз доранд, тавассути низоми ваучерӣ бо катҳои функсионалӣ ва матрасҳои махсус таъмин мегарданд.

Ғайр аз ин, имконият барои расонидани кумаки паллиативӣ ва хизматрасониҳои нигоҳубин ва парасторӣ дар хона дар сатҳи маҳалла фароҳам оварда мешавад, инчунин хизмати «Дастгирии оилавӣ» барои аъзои оилаи беморон ҷорӣ мегардад.

Дар тацдимот инчунин тадбирҳо оид ба такмили минбаъдаи низоми кумаки тиббӣ ба беморони гирифтори бемориҳои гематологӣ ва онкогематологӣ баррасӣ шуданд.

Дар солҳои 2026–2030 пешбинӣ шудааст, ки ҳиссаи ошкорсозии чунин бемориҳо дар марҳилаҳои барвақт аз 30–40 фоизи кунунӣ то 60 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамчунин барои кӯтоҳ кардани фосилаи байни ташхис ва гузаронидани трансплантатсия аз 6 моҳ то 3 моҳ чораҳо андешида мешаванд.

Пешбинӣ шудааст, ки фарогирии 100-фоизаи беморони гирифтори бемориҳои гематологӣ бо кумаки махсусгардонидашудаи тиббӣ таъмин карда шуда, дар минтақаҳо амалияи трансплантатсияи ҳуҷайраҳои бунёдии гемопоэтикӣ ҷорӣ карда шавад.

Дар тақдимот инчунин масъалаҳои дастгирии моддии кормандони тиббӣ ва фармасевтии муассисаҳои давлатии тиббӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, ба кормандоне, ки ҳадди ақал 15 сол собиқаи корӣ доранд, барои як қисми арзиши шартномаи солона барои таҳсили бакалаврии фарзандонашон дар донишгоҳҳо, инчунин як қисми пардохти аввалия ҳангоми харидани манзил бо қарзи ипотека ҷубронпулӣ пешниҳод карда мешавад.

Сарвари давлат пешниҳодҳои мазкурро маъқул дониста, барои татбиқи босифати чораҳои баррасишуда, баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба кумаки тиббии онкологӣ ва гематологӣ дар минтақаҳо, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ташхис ва табобат дастурҳо дод.