Ин маълумотро коршиносони Кумитаи ҳуқуқи маъюбони назди СММ дар як брифинг, ки дар шаҳри Женева баргузор гардид, эълом доштанд.
Бино ба маълумоти онҳо, тақрибан 40,500 кӯдак дар Ғазза бар асари ҷанг маҷрӯҳ шудаанд. Аз 7 октябри соли 2023 то 21 августи соли 2025, зиёда аз 157 ҳазор сокини Ғазза маҷрӯҳ шудаанд ва беш аз 25 дарсади онҳо хатари маъюб шудани якумриро доранд, хабар медиҳад tass.ru.







