Бино ба маълумоти оҷонсии Созмони Милали Муттаҳид, шумораи воқеии қурбониён метавонад хеле бештар бошад. Зеро коҳиши маблағгузорӣ ба расонидани кумакҳои башардӯстона ва сабти ҳолатҳои марг таъсири манфӣ расонидааст.

Созмони байналмилалии муҳоҷират таъкид кард, ки роҳҳои қонунии муҳоҷират торафт маҳдуд мешаванд. Дар натиҷа, бо сабаби шиддат гирифтани чораҳои маҳдудкунандаи муҳоҷират ва тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқ дар Аврупо, ИМА ва дигар минтақаҳо, бисёре аз одамон ба дасти қочоқбарон меафтанд.

– Нопадидшавии доимии одамон дар масирҳои муҳоҷират як нокомии глобалӣ аст, ки мо онро наметавонем ҳамчун ҳолати муқаррарӣ қабул кунем, – гуфтааст директори генералии созмон Эми Поуп дар изҳороте, ки рӯзи панҷшанбе нашр шуд.

Бино ба маълумоти Созмони байналмилалии муҳоҷират (International Organization for Migration, IOM), соли 2025 шумораи фавтҳо дар масирҳои муҳоҷират тахминан аз 9200 нафар (дар соли 2024) то 7667 нафар коҳиш ёфтааст. Ин шояд бо кам шудани шумораи афроде, ки ба сафарҳои хатарнок ва ғайримунтазам иқдом мекунанд, вобаста бошад. Бо вуҷуди ин, созмон таъкид кардааст, ки ин коҳиш метавонад инчунин натиҷаи дастрасии маҳдуд ба маълумот ва норасоии маблағ бошад, ки сабти ҳолатҳои маргро душвор гардонидааст, хабар медиҳад oz.inform.kz.