Дар маркази кишвар ярч фаромада, маҷрои дарёи Будхи-Гандакиро бастааст. Дар натиҷа, об аз соҳил берун шуда, маҳаллаҳои поёноби дарёро зери об гузоштааст.
Ҷараёни об чунон пурқувват будааст, ки чор пул, тақрибан 20 манзили истиқоматӣ ва иншооти неругоҳи барқи обии сохташавандаро хароб кардааст. Панҷ нафар бедарак шудаанд. 49 нафар наҷот дода шудаанд. Дар бораи ҳалок шудани одамон то ҳол маълумоте нашр нашудааст.
Мақомоти маҳаллӣ аз сокинони минтақаҳои хатарнок даъват кардаанд, ки ба ҷойҳои бехатартар кӯч банданд.
Ҳамагӣ як моҳ пеш, фурӯ рехтани пирях дар марзи Непалу Тибет боиси обхезии фалокатбор шуда буд. Дар он ҳодиса тақрибан 1 500 нафар ба ҳалокат расидаанд. Зиёда аз 5 000 нафар то ҳол бедарак ба ҳисоб мераванд, хабар медиҳад 24.kz.