Ғолиби савдои музояда бинобар лоти «Ташкили хидматрасонии таксӣ» дар фурудгоҳи Тошканд муайян шуд

    Нақлиёт 9 Avgust 2022 1851

    Ширкати «BOBUR DIYOR», ки аз соли 2017 дар соҳаи ҳамлу нақли мусофирон фаъолият мекунад, дар музоядаи электронии ҳуқуқи хидматрасонии таксӣ дар фурудгоҳи пойтахт ғолиб шуд.

    Дар парки ширкат зиёда аз сад мошини сабукрави дохиливу хориҷӣ ҳаст, ки истеҳсолашон аз се сол зиёд набуда, танҳо бо бензин ҳаракат мекунад. Ин яке аз талаботҳои асосии ҶС «Uzbekistan Airports» дар доираи савдои музоядаи бурднок буд.

    Мутобиқи технология мусофирон ба истгоҳи таксӣ, ки дар дохили толори воридшавӣ ҷойгиранд, наздик шуда, суроғаро нишон медиҳанд ва пардохтро бо пули нақд ё бо корт анҷом медиҳанд. Диспетчери хизмати таксӣ чек медиҳад, ки дар он суроғаи мусофир ва маблағи «пардохташуда» навишта шудааст. Мусофир аз терминал баромада, ба мошини дар қатор якум истода менишинад ва ба ронанда чекро пешниҳод мекунад. Инчунин, мусофир метавонад ба дохили терминал гузашта аз хидмати таксӣ истифода намояд ва мустақиман ба ронанда пардохт кунад.

    Тибқи маълумоти аз ҷониби ширкат пешниҳодшуда, интиқолдиҳанда таҷрибаи панҷсола дар пешниҳоди маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои нақлиётӣ дорад: истиқбол/гусел дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан; хидмати курерӣ; хизматрасониҳои намояндагӣ - таксии VIP, хизмат дар микроавтобусҳо ва автобусҳо. Тарифҳои ҳамлу нақли мусофирони фурудгоҳ, инчунин тарҳи истгоҳи таксиро, ки дар толори фурудоӣ насб карда мешавад, ширкати нақлиётӣ бо “Uzbekistan Airports” мувофиқа мекунад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates