Мева ва сабзавоти органикӣ, ки дар Ӯзбекистон рӯёнда мешаванд, дар меҳвари коршиносони байналмилалӣ

    Гурӯҳи кории мушовирон таҳти сарварии кормандони масъули Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва коршиноси ширкати немисии "AFC Agriculture and Finance Consultants GmbH" Андрей Лозан ба ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд ташриф оварданд.

    Максад аз сафари мутахассисони хориҷӣ баҳо додан ба раванди парвариши меваю сабзавоти органикӣ дар ҷумҳурии мо мебошад.

    Намояндагони гурӯҳи корӣ дар қитъаи 10 гектар, ки ба ширкати ҶДММ «Бардош Эксклюзив» тааллуқ дорад, бо рафти парвариши кулпунай ва малина шинос шуданд. Инчунин, бо чорабиниҳои агротехникӣ дар 27 гектар боғҳои нок ва себи ҶДММ «Эскалада бизнес инвест» шинос шуданд.

    Коршиноси байналмиллалӣ Андрей Лозан ба корҳое, ки дар ҷумҳурӣ дар соҳаи маҳсулоти органикӣ амалӣ карда мешаванд, баҳои баланд дод. Вай маълумоти иловагӣ дод, ки кишварҳои аврупоӣ чӣ гуна безараргардонӣ, ғизодиҳӣ ва ҳифзи биологии маҳсулоти кишоварзиро бо назардошти талаботи стандартҳои байналмилалӣ амалӣ мекунанд.

    Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳайати Вазорати кишоварзӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти органикии “BIOFACH 2022”, ки дар Нюрнберги Олмон баргузор шуд, баргашт, ки дар он бо ширкатҳои кишварҳои пешрафта тавофуқоти зиёде ҳосил шуда буд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates