Ташкили чорабиниҳои "Умра" ҳамчун як намуди алоҳидаи фаъолияти иҷозатномадор муайян карда шуд

    Сайёҳӣ 16 Iyul 2024 1085

    Мувофиқи Қонун, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 2 июли соли 2024 имзо шудааст, ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

    Қонуни мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи тартиби иҷозатномадиҳӣ, иҷозатдиҳӣ ва огоҳинома» тағйироту иловаҳо ворид менамояд, ки тибқи он фаъолияти пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои «Умра» ҳамчун намуди алоҳидаи фаъолияти иҷозатномадор муайян карда мешавад.

    Мақомоти ваколатдори иҷозатномадиҳанда дар ин самт аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дини Ҷумҳурии Ўзбекистон муайян карда мешавад.

    Бар замми ин, ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” илова ворид карда мешавад, ки миқдори ставкаи боҷи давлатиро барои додани иҷозатномаи фаъолияти ташкил ва гузарондани чорабиниҳои "Умра" муқаррар менамояд.

    Қонуни мазкур ба фароҳам овардани шароити боз ҳам қулайтар барои шаҳрвандоне, ки зиёрати "Умра"-ро анҷом медиҳанд, таъмини пурраи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, баланд бардоштани масъулияти шахсони ҳуқуқӣ, ки ба ин намуди фаъолият машғуланд, хидмат мекунад.

    Қонун пас аз се моҳи интишори расмии он эътибор пайдо мекунад.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates