Дар чаҳорчӯби рӯзи мусобиқоти охирин чаҳор намояндаи мо барои ҷои 3-юм мубориза бурданд ва ғолиб омада, хазинаи ҳайатро бо медалҳои биринҷӣ пурра карданд.

Медали биринҷӣ:

-45 кг: Умидҷон Каромов

-60 кг: Фаррух Юлдошев

-71 кг: Беҳрӯзбек Валиев

-92 кг: Фахрикамол Комилҷонов

Ҳамин тариқ, паҳлавонони юнониву руми мо тавонистанд бо 1 ҷоизаи нуқра ва 5 биринҷӣ мусобиқотро ба анҷом расонанд.

Ба туфайли ин нишондод варзишгарони ватанӣ аз рӯи миқдори хол дар мусобиқаи командавӣ ҷои дуюмро ишғол карданд. Пагоҳ мусобиқа байни гӯштингирони тарзи озод оғоз меёбад.