Хуршидбек Алимҷонов («Чемпиони лига») дар барномаи мусобиқот бо баландии монеаҳои 150 сантиметрӣ хатсайри додашударо бидуни холҳои ҷаримавӣ тай намуда, натиҷаи баландтарин нишон дод.
Ҷойи дуюм насиби Аъзам Тиллобоев («Бозарт де Рует») гашт, вай сегонаипешсафони Ринат Галимовро (Қирғизистон) қафо гузошт. Бояд гуфт, ки ҷойҳои минбаъдаро Бегзод Қурбонов ва Нуржан Туякбоев ишғол карданд.