Рамзхои дурахшони дустии узбеку туркман

    Ҳукумат 21 Oktabr 2022 6842

    Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамроҳи Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов дар маросими ифтитоҳи тантанавии боғи «Тошканд» дар шаҳри Ашқобод иштирок кард.

    Боғ дар хиёбони асосии Махтумқулии пойтахт ҷойгир аст. Дар ҳудуди 3 гектар боғи ландшафтӣ бо гулзорҳо, нусхаҳои миниатюрии ҷойҳои ҷолиби диққати шаҳри Тошканд бунёд карда шудааст.

    Сарони давлатҳо бо шароитҳои дар ин ҷо фароҳам овардашуда шинос шуда, ҳамчун нишони орзуҳои нек дарахт шинонданд.

    Суруду оҳангҳои миллии халқҳои ӯзбеку туркман иҷро карда шуданд. Президентҳо ба навхонадорон, ки дар ин ҷо туйи арӯсии худро ҷашн мегирифтанд, хушбахтӣ таманно карданд.

    Дар маросим ҳайатҳои расмии ду кишвар, намояндагони ҷомеаи Ашқобод, ҷавонон иштирок карданд.

    Чи хеле, ки маълум аст дар рафти сафари Президенти Туркманистон ба Ӯзбекистон дар Тошканд боғи «Ашқобод» кушода шуда буд, ки таҷассуми риштаҳои мустаҳками дӯстии халқҳои мамлакатҳои мо гардид.

    Дар ин ҷо ҳамчунин маросими ба кор даровардани сохтмони Минтақаи тиҷорати сарҳадии «Хоразм – Дашоғуз» баргузор гардид.

    Сохтмони Минтақаи савдои сарҳадӣ дар қаламрави ҳамшафати ду кишвар дар минтақаи гузаргоҳи «Шовот – Дашоғуз» идома дорад.

    Имрӯз ҳамчунин Баённома оид ба идомаи корҳои созмон додан ва танзими фаъолияти ин иншоот ба имзо расид. Дар ин ҷо бунёди инфрасохтори замонавӣ, аз ҷумла павилонҳои савдо, анбор, майдончаҳои контейнерӣ ва ҷойҳои корӣ ба соҳибкорон ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳа дар афзоиши савдои байниҳамдигарӣ, фаъол гардондани робитаҳои тиҷоратӣ нақши муҳим мебозад.

    Пирони вилоятҳои Хоразм ва Дашоғуз, шахсони масъул ба воситаи алоқаи видеоконфронс ҳамагонро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрик гуфта, барои оғози кор иҷозат пурсиданд.

    Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон ба сохтмон оғоз бахшиданд.

    Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда боз бисёр лоиҳаҳои муштарак амалӣ карда мешаванд, ки ба таҳкими дӯстӣ ва шукуфоии халқҳои мо мусоидат мекунанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates