Дар фурудгоҳи шаҳри Туркманбошӣ роҳбари давлати моро Пешвои миллии мардуми туркман, Раиси Халқ Маслаҳатӣ Гурбангулӣ Бердимуҳамедов истиқбол гирифт.

5-уми август роҳбари Ӯзбекистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққие, ки ба баҳр роҳ надоранд, ширкат меварзад. Ҳамчунин ӯ дар чорабинии махсусе, ки ба масъалаҳои омодагӣ ба Вохӯрии машваратии ҳафтуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст, иштирок намуда, як қатор музокироти дуҷониба баргузор мекунад.