Шумо, азизон, ҳама ҳамватанони мӯъмину мусулмон ва тамоми халқамонро бо айёми бузург ва муборак – иди Қурбон аз таҳти дил самимона муборакбод намуда, аз он шодам, ки эҳтироми бузург ва орзуҳои неки худро баён мекунам.
Пеш аз ҳама ба Худованди меҳрубону тавоно шукронаи беҳисоб мегӯем, ки ин ҷашни барои тамоми ҷомеаи исломӣ бошукӯҳ – Ийд ал-Адҳаро якҷоя бо халқу кишварамон дар фазои орому осуда истиқбол менамоем.
Бешубҳа, дар солҳои охир ҷиҳати бунёди давлати иҷтимоӣ, халқпарвар дар Ӯзбекистони Нав, таҳкими пояҳои маънавӣ ва афзун намудани таъсирнокии он, дини мубини ислом ва яке аз ҷашнҳои асосии он Иди Қурбон нақши муҳим мебозанд.
Бахусус, қайд кардан бамаврид аст, ки фазилатҳои неки ин ҷашн аз ҷумлаи инсондӯстӣ, ҳамбастагӣ, саховатмандӣ ва олиҷанобӣ бо ислоҳоти густурдае, ки дар мамлакат дар асоси ғояи наҷиби «Барои қадри инсон, барои бахти инсон» амалӣ мегарданд, муштарак ва ҳамоҳанг буда, барои афзудани самаранокии барномаҳое, ки ба дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, зоҳир намудани ғамхории вижа нисбат ба пиронсолон, ҷавонон ва занону духтарон, коҳиши камбизоатӣ нигаронида шудаанд, хидмат мекунад.
Дӯстони азиз!
Имрӯзҳо дар мамлакати мо ҷиҳати таҳкими ҳамбастагии байни миллат ва конфессияҳои динӣ, таъмини озодии виҷдон, ҳифзи мероси динию маърифатӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ корҳои бузург анҷом дода мешаванд.
Вақте дар ин бора ҳарф мезанем, бояд гуфт, ки ба омӯзиши амиқи тамоюлҳои накӯи дини ислом, гирд овардан ва васеъ тарғиб кардани дурдонаҳои таърихи бузург ва фарҳанг, мероси ғании мутафаккирони номдорамон диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, мӯъҷизаи бостонии Шарқ – шаҳри Самарқанд дар соли 2025 пойтахти фарҳанги исломӣ эълон шуда, 1155-умин солгарди таваллуди ҳамватанамон Имом Мотуридӣ дар саросари кишварамон васеъ таҷлил мегардад, Маркази илмиву тадқиқотии Баҳоуддини Нақшбанд, ки имсол дар шаҳри Бухоро ба фаъолият оғоз мекунад, ба қатори марказҳои байналмилалии илмиву тадқиқотии Имом Бухорӣ, Имом Мотуридӣ ва Имом Тирмизӣ ҳамроҳ мешавад.
Маркази тамаддуни исломӣ, ки дар пойтахти кишварамон – шаҳри Тошканд бунёд мегардад, ҳамчун як лоиҳаи бузургу нодир дар самти илмию маънавӣ таваҷҷӯҳи зиёди мардуми мо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб мекунад. Бовар дорам, ки ин макони муаззам ҳамчун рамзи равшани таърихи бисёрҳазорсолаи бостонӣ ва фарҳанги бойу нотакрори миллии мо дар ҳаёти Ӯзбекистони Нав воқеаи хеле муҳим мегардад.
Ҳамватанони муҳтарам!
Дар ин рӯзҳои муборак 15 ҳазор нафар ҳамватанони мо зиёрати Ҳаҷи муқаддасро адо мекунанд. Дар чунин лаҳзаҳои мунаввар, ки дуо ва ниятҳои нек мустаҷоб мешаванд, онҳоро ҳам бо Иди Қурбон самимона табрик гуфта, аз Офаридгор хоҳиш мекунем, ки сиҳату саломат ба Ватан баргарданд.
Умедворам, ки ҳоҷиёни муҳтарами мо дар таҳкими минбаъдаи ҳамҷиҳатӣ дар ҷомеа, фазои меҳру оқибат дар оилаву маҳаллаҳо, пурзӯрсозии тарбияи ҷавонон, тарғиби онҳо барои азхудкунии илму дониш, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ шудан, муҳофизи Ватан гардидан, инчунин, дар кумакрасонӣ ба инсонҳои ниёзманд, ибрат ва намунаи хоса нишон медиҳанд.
Дар ин рӯзҳои пурфайз, ки диламон саршори шодӣ аст, ҳамватанони бурунмарзиро низ бо ин рӯзи фархунда аз таҳти дил табрик гуфта, барояшон сиҳатию саломатӣ, бахт ва омад таманно мекунем.
Мо тамоми уммати мусалмони сарзаминҳои дуру наздики ҷаҳонро сидқан табрик гуфта, ба халқу мамлакатҳои онҳо сулҳ, шукуфоӣ ва фаровонӣ мехоҳем.
Ҳамватанони азизу муҳтарам!
Имрӯзҳо ҳамаи мо мебинем, ки ҷаҳон то чӣ ҳад мураккаб ва ташвишовар шуда истодааст. Дар чунин шароити пуршиддат мо бо роҳи нигоҳ доштани осоиштагӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ ва муттаҳидӣ, меҳнати фидокорона дар тамоми соҳа ва шабакаҳо, метавонем ба мақсадҳои бузурги худ ноил шавем.
Албатта, халқи ҷасур ва олиҷаноби мо, ки дар таърихи худ санҷишу машаққатҳои зиёдро бошарафона паси сар кардааст, аз ҳар ҷиҳат ба ин қодир аст.
Бовар дорам, ки дар ин роҳ меҳру оқибат, ҳамҷиҳатии байниҳамдигарӣ ва якдилӣ, ки хоси халқу диёри мост, чун манбаи беҳамтои нерӯю тавоноӣ хидмат мекунад.
Шумо, азизонро, бори дигар бо иди муқаддаси Қурбон аз таҳти дил табрик гуфта, ба шумоён сулҳу оромӣ, тансиҳатӣ ва ба хонадонатон файзу баракот орзу менамоям.
Айёми накӯ ба ҳамаи мо муборак бошад!
Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон









