Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Қазоқистон мулоқоти телефонӣ анҷом дод

    Ҳукумат 27 Avgust 2021 3177

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 август бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Дар оғози суҳбат сарвари давлати мо ба Президенти Қазоқистон ба муносибати ҳодисаи фоҷиабор дар ноҳияи Бойзоқи вилояти Жамбул, ки боиси қурбониҳои одамон шуд, изҳори ҳамдардии самимӣ кард. Таъкид ёфт, ки Ӯзбекистон омодааст ба ҷониби Қазоқистон дар рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулодда кӯмаки зарурӣ расонанд.

    Масъалаҳои муҳими муносибатҳои Ўзбекистон ва Қозоғистон баррасӣ гардиданд. Динамикаи мусбати рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Муҳимияти пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, сайёҳӣ, барномаҳои мубодилаи фарҳангию гуманитарӣ қайд карда шуд.

    Президентҳо ҳамчунин оид ба рӯзномаи минтақавӣ, пеш аз ҳама дар заминаи шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон табодули назар карданд. Дар бораи идомаи ҳамкории зич дар масъалаҳои амният дар Осиёи Марказӣ созиш ҳосил шуд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates