Президенти Ӯзбекистон роҳбари ҳайати ИИДҲИ САҲА-ро қабул кард

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 октябр роҳбари ҳайати мушоҳидони интихоботи парлумонии Идораи институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ИИДҲИ САҲА) Дуглас Уэйкро қабул кард.

    Зимни мулоқот оид ба масъалаҳои омодагӣ ва баргузор намудани интихоботи парлумонии пешистодаи мамлакатамон мубодилаи афкори муфассал ба вуқӯъ пайваст.

    Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муколамаи ошкоро ва созандаи байни Ӯзбекистон ва САҲА, институтҳои он, аз он ҷумла ҳамкории босамар бо Идора роҳандозӣ гаштааст.

    Фаъолияти хуби ҳайати нозирони ИИДҲИ дар доираи омодагӣ ба интихоботи парлумонии оянда олӣ арзёбӣ гардид. Коршиносони Идора дар ҷараёни такомули низоми интихоботии миллӣ иштирок намуданд. Аксарияти тавсия ва пешниҳодоти онҳо ба инобат гирифта шуда, дар қонунгузории мамлакатамон татбиқ шудааст.

    Вакили ИИДҲИ барои зуҳури эътибор ба кори ҳайат миннатдории самимӣ баён намуда, аз дастгирии бозсозиҳои демократии ҷорӣ ва ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ дар Ӯзбекистони Нав изҳори қаноат намуд.
    Махсус таъкид гардид, ки интихоботи кунунӣ бори аввал бинобар низоми интихоботии омехта дар асоси бандҳои Конститутсияи таҷдидёфтаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки пурзӯр намудани нақши парлумон ва мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимиятро пешбинӣ менамояд, баргузор мегардад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates