Президенти Ӯзбекистон сафари худро ба Муғулистон анҷом дод

    Сиёсат 25 Iyun 2025 2349

    Барномаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Муғулистон ба анҷом расид.

    Ин нахустин сафари раҳбари Ӯзбекистон ба Муғулистон дар таърих ба ҳисоб меравад ва оғози марҳалаи нави муносибатҳои дуҷониба ба шумор рафта, барои рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Ӯзбекистону Муғулистон имкониятҳои васеъро боз намуд.

    Дирӯз дар шаҳри Улан-Батор сарвари кишвари мо бо Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ҳам дар доираи маҳдуд ва ҳам дар ҳайатҳои васеъ мулоқоту музокирот анҷом дод. Самтҳои истиқболноки ҳамкориҳои амалӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва саноатӣ баррасӣ шуданд.

    Дар анҷоми музокирот Изҳороти муштарак оид ба барқарорсозии муносибатҳои шарикӣ дар ҳама самтҳо ба имзо расид.

    Президентҳои ду кишвар бо ҳамсаронашон дар консерти муштараки устодони санъати ду кишвар иштирок намуданд.

    Имрӯз, Сарвари кишвари мо бо ҳамсараш маҷмааи «Их Тэнгер»-ро боздид намуда, дар он ҷо президентҳо ва ҳамсарони онҳо якҷоя ниҳол шинонданд. Баъдан, онҳо бо ҳам бозиҳои суннатии «Наадам»-ро тамошо карданд.

    Баъди анҷоми чорабиниҳои сафар Президенти Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд баргашт. Дар фурудгоҳ меҳмонони олиқадрро вазири корҳои хориҷии Муғулистон Батмунх Баттсэтсэг ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates