баннер
13 Mar 2025
14:33

    Маросими истиқболи расмии Президенти Ӯзбекистон баргузор шуд

    Имрӯз, 12 март, дар Хонаи собиқадорони шаҳри Париж маросими расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки ба Ҷумҳурии Фаронса сафари давлатӣ анҷом медиҳад, баргузор шуд.

    Роҳбари кишвари моро Президенти Фаронса Эммануэл Макрон истиқбол гирифт.

    Дар майдон ба шарафи меҳмони воломақом қаровули фахрии иборат аз низомиёни Гвардияи ҷумҳуриявӣ, неруҳои заминӣ, ҳарбии баҳрӣ ва ҳарбии ҳавоии Фаронса саф кашиданд.

    Дар иҷрои оркестри ҳарбӣ сурудҳои миллии ҳарду кишвар садо доданд. Гвардиячиён аз назди сарвари давлати мо бо марши тантанавӣ гузаштанд.

    Президентҳо аз пеши сафи қаровули фахрӣ гузашта, аъзои ҳайатҳои расмиро хайрамақдам гуфтанд.

    Сипас, Президенти Ӯзбекистон дар иҳотаи гвардияи аспсаворон ва мотосиклсаворон ба Қасри Елисей – қароргоҳи Президенти Фаронса раҳсипор шуд, ки дар он ҷо музокироти дуҷонибаи сатҳи олӣ баргузор хоҳад шуд.


    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech