Сарвари давлати моро Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим истиқбол гирифт.
Ба ифтихори меҳмони олимақом қаровули фахрӣ саф орост. Суруди миллии ҳар ду кишвар садо дод.
Президенти Ӯзбекистон аз назди сафи қаровули фахрӣ гузашт. Сипас, роҳбарони ду давлат аъзои ҳайатҳои расмӣ ва намояндагони корпуси дипломатиро хайрамақдам гуфтанд.
Пас аз аксбардории муштарак музокироти сатҳи олӣ оғоз ёфт.