Дар оғози мулоқот раҳбари ҳайати Беларус салом ва таманниёти неки Президенти Беларус Александр Лукашенкоро ба роҳбари Ӯзбекистон расонд.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистон ва Беларус мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки ҳаҷми гардиши савдои байни ду кишвар босуръат афзоиш меёбад, лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ бомуваффақият татбиқ мешаванд, ҳамкориҳои судманди байниминтақавӣ рушд меёбанд ва мубодилаҳои фаъол дар соҳаҳои фарҳанг, маориф ва тандурустӣ идома доранд.
Зарурати идомаи муколамаи фаъоли байнипарлумонӣ, аз ҷумла таъмини назорати парлумонӣ ва мусоидат ба иҷрои саривақтии созишномаҳо дар сатҳи олӣ таъкид гардид.