Дар фурудгоҳи байналмилалии Абу-Даби сарвари давлати моро ноиби президенти Аморати Муттаҳидаи Араб Шайх Мансур Ол Наҳаён ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ба шарафи меҳмони олиқадр каровули фахрӣ саф ороста, парчамҳои давлатии ду кишвар барафрохта шуданд.
Мувофиқи барномаи ташриф фардо, 14 январ Президенти Ўзбекистон дар нишасти байналмилалии "Ҳафтаи рушди устувори Абу-Даби" ширкат хоҳад кард.
Мулоқотҳо бо роҳбарони созмонҳо, ширкатҳо ва бонкҳои пешрафтаи АМА дар назар аст.
Музокироти сатҳи баланд 15 январ баргузор мешавад.