Масъалаҳои рушди ҳамкориҳои муфиди тарафайн бо ширкати мазкур, нақшаҳои он бобати иштирок дар вусъати лоиҳаҳо ва бозсозии технологияҳои соҳаи энергетикии Ӯзбекистон муҳокима гардиданд.
Роҳбари давлати мо фаъолияти пурмаҳсули ширкати туркиро, ки якҷо бо он дар кишвари мо лоиҳаҳои сохтмони истгоҳҳои замонавии барқии иқтидори умумиашон 740 мегаватт дар вилоятҳои Тошканд ва Бухоро бомуваффақият татбиқ гардиданд, бо қаноатмандӣ таъкид кард. Дирӯз маросими ба истифода супурдани истгоҳи нави барқии иқтидораш 400 мегаватт дар ноҳияи Нишони вилояти Қашқадарё ба вуқӯъ омад.
Лоиҳаҳои пешомаднок дар соҳаи энергетикаи «сабз», аз ҷумла бозсозии низомҳои газтақсимкунӣ, сохтмони истгоҳҳои газҳои биологӣ, минтақаҳои устувори саноатии таъминоти энергетикӣ ва ғайра мувофиқи «харитаи амалиёт»-и дуҷониба баррасӣ шуданд.