Президенти Ӯзбекистон ба Ал-Кувайт омад

    Бо даъвати Амири Давлати Кувайт Шайх Мишаал ас-Сабоҳ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 феврал бо сафари расмӣ ба ин кишвар ташриф овард.

    Дар фурудгоҳи байналмилалии Ал-Кувайт сарвари давлати моро Амир Шайх Мишаал ас-Сабоҳ, Валиаҳд Шайх Сабоҳ Халид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

    Ба ифтихори ташрифи роҳбари Ӯзбекистон қаровули фахрӣ саф орост, парчамҳои давлатии ду кишвар барафрошта шуданд ва сурудҳои миллии Ӯзбекистон ва Кувайт садо доданд.

    Президенти кишвари мо аз назди қаровули фахрӣ гузашт. Сипас, сарони давлатҳо аъзои ҳайатҳои расмӣ ва намояндагони корпуси дипломатиро хайрамақдам гуфтанд.

    Дар терминали амирии фурудгоҳ байни роҳбарони кишварҳо мулоқоти кӯтоҳ сурат гирифт.

    Имрӯз Президенти Ӯзбекистон ва Амири Кувайт гуфтушунидҳоро дар сатҳи олӣ баргузор мекунанд. Дар рӯзномаи ин нишаст масоили таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон ва Кувайт, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва молиявӣ, инчунин фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

    Бинобар натиҷаи чорабиниҳо имзои як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ пешбинӣ шудааст.


    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates