Сарвари давлати мо дар нишасти ғайрирасмии Созмони кишварҳои туркӣ дар шаҳри Шуша дар мавзӯи “Бунёди ояндаи устувор тавассути пайвастагии нақлиётӣ ва мубориза бо тағирёбии иқлим” ширкат хоҳад кард.
Зимни ҳамоиш масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва сармоягузориву молиявӣ, инчунин дар соҳаи иқтисодиёти “сабз”, энергияи барқароршаванда, мубориза бо тағирёбии иқлим ва рушди сармояи инсонӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Сарони ҳайатҳо ҳамчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар поёни чорабинӣ қабули як қатор санадҳои муштарак дар назар аст.