Зимни мулоқот натиҷаҳои амалии имзои санадҳои дуҷониба дар доираи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистон ва ИМА, пеш аз ҳама дар соҳаҳои савдо, иқтисод ва сармоягузорӣ, бо суръати устувор рушд меёбанд.

Муваффақиятҳо дар татбиқи чорабиниҳоҷиҳати афзоиши ҳаҷми савдои мутақобил бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Соли гузашта ҳаҷми гардиши мол аз 1 миллиард доллар гузашт.

Ба тақвияти ҳамкории амалӣ оид ба анҷом додани раванди пайвастани кишвар ба СҶС ва дастгирии бештари ИМА аз ин раванд таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Бо мақсади таъмини интиқоли устувори маҳсулот, танзими техникӣ ва таҳияи равишҳои минтақавӣ дар самти савдои рақамӣ, пешниҳод шуд, ки ҳамкорӣ дар доираи Созишномаи чаҳорчӯбаи савдо ва сармоягузорӣ (TIFA) миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА фаъол гардонда шавад.

Дар анҷоми мулоқот Президенти Ӯзбекистон намояндаи тиҷоратии ИМА Жеймисон Грирро барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд, ки моҳи июни соли ҷорӣ баргузор мегардад, даъват намуд.