Президенти Ӯзбекистон бо Сарвазири Арманистон самтҳои ояндадори ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард

    Ҳукумат 30 Avgust 2022 6226

    30 август Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқоти телефонӣ анҷом доданд.

    Сарвари ҳукумати Арманистон роҳбари Ӯзбекистонро ба муносибати ҷашни дарпешистодаи миллӣ – Рӯзи истиқлолияти кишвар самимона табрик гуфта, ба халқи мо сулҳ, осоиш ва шукуфоӣ орзу намуд.

    Масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

    Ба ҷиҳатҳои муҳими вусъат додани ҳамкории амалӣ диққати махсус дода шуд.

    Имкониятҳои мавҷуда барои зиёд намудани ҳаҷми муомилоти моли мутақобила, татбиқи лоиҳаҳои кооператсия бо ҷалби фаъоли доираҳои соҳибкорӣ ва корхонаҳои пешқадам, фароҳам овардани механизмҳои муассири тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ қайд карда шуданд.

    Ҳамчунин доир ба рӯзномаи минтақавӣ ва амиқсозии муколама дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба табодули афкор сурат гирифт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates