Роҳбари давлат таъкид кард, ки самтҳои мазкур мавзӯи мулоқоти ояндаи ҳамоиши дараҷаи олии дуҷонибаро бояд ташкил намоянд.
Ғайр аз ин бобати минбаъд васеъ намудани ҳамкории муфиди тарафайн бинобар самтҳои мисли баланд бардоштани самаранокии ислоҳоти ҷорӣ, тарбияи кадрҳои касбии идоракунӣ ва барномарезӣ, татбиқи ҳукумати электронӣ ва соҳаҳои дигар таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Вазир Ал-Гергавӣ ба роҳбари давлатамон саломи самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Президенти Аморот Шайх Муҳаммад ал-Наҳайян ва Ноиб-президент, Сарвазири мамлакат, Амири Дубай Шайх Муҳаммад ал-Мактумро тақдим кард.
Дар поёни мулоқот Президенти Ӯзбекистон бинобар навсозии «нақшаи роҳ», ки тезондани татбиқи барномаҳои ҷорӣ ва омодагии лоиҳаҳои истиқболнокро пешбинӣ менамояд, супоришҳо дод.
Дар поёни суҳбат ба вазир Ал-Гергавӣ мукофоти олии давлатӣ – ордени «Дӯстлик» барои саҳми калонаш дар амиқсозии муносибати бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Аморот ва ҷонибдории ҳаматарафаи барномаи ислоҳот дар Ӯзбекистони Нав супурда шуд.