Вазир ал-Гергавӣ ба сарвари давлатамон саломи ва орзуҳои неки Президенти Аморот Шайх Муҳаммад Ол Наҳаён, ноиби президент, Сарвазири кишвар, амири Дубай Шайх Муҳаммад Ал Мактум ва ноиби президент Шайх Мансур Ол Наҳаёнро расонд.
Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба баррасӣ шуданд. Динамикаи баланди рушди муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Аморот бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Ҳаҷми муомилоти мол, шумораи корхонаҳои муштарак ва лоиҳаҳо бо суръати устувор меафзояд.
Барномаҳои муштараки дар доираи «харитаи роҳ», аз он ҷумла оид ба баланд бардоштани самарабахшии идоракунии давлатӣ, тайёр кардани кадрҳои идоракунӣ ва рушди ҳукумати рақамӣ қабулшуда бомуваффақият татбиқ мегарданд.
Қариб 1 ҳазор семинар, форум ва курсҳои омӯзишӣ гузаронда шуд, ки дар рафти онҳо то 2 миллион нафар мутахассисони мо ихтисоси худро такмил доданд.
Дар мулоқот ҳавасмандии тарафайн ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ дар бахшҳои идоракунии муассир, рушди иқтидори тиҷоратӣ, модернизатсияи инфрасохтори шаҳрҳо, технологияҳои баланд, зеҳни сунъӣ ва ғайра тасдиқ карда шуд.