Сарвари кишвари мо қайд кард, ки иштироки баланди интихобкунандагон ва натиҷаҳои овоздиҳӣ бори дигар эътимоди бузурги мардуми Беларусро ба Президенти амалкунанда, инчунин дастгирии васеи сиёсати пешгирифта ва ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ тасдиқ карданд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи шарикии гуногунҷанбаи Ӯзбекистон ва Беларус дар заминаи татбиқи амалии созишномаҳои зимни сафари Президенти Беларус Александр Лукашенко ба Ӯзбекистон 7-9 феврали соли гузашта ҳосилшуда баррасӣ гардиданд.
Ҳаҷми гардиши мол дар соли 2024 аз 700 миллион доллар гузашт. Таъкид гардид, ки суръат бахшидан ба лоиҳаҳои ҳамкориҳои саноатӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисод, идома додани равобити зичи тиҷоратӣ ва байниминтақавӣ, мубодилаи фаъоли фарҳангӣ-гуманитарӣ муҳим мебошанд.
Роҳбарони Ӯзбекистон ва Беларус инчунин нақшаи чорабиниҳои ояндаро баррасӣ карданд.