Дар ҷараёни вохӯрӣ самтҳои асосии ҳамкории сармоягузорӣ бо ин ширкати пешсаф, инчунин татбиқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда баррасӣ гардиданд.
Оид ба дурнамои иштироки BlackRock дар лоиҳаҳои афзалиятноки кишвари мо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ташаббусҳои ширкат ҷиҳати ворид шудан ба сармояи як қатор корхонаҳои ӯзбекӣ, ташкили механизмҳои сармоягузории муштарак, инчунин ҷалби таҷрибаи байналмилалӣ барои беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар дастгирӣ ёфтанд.