Президенти Ӯзбекистон бо сафари давлатӣ ба Муғулистон меравад

    Сиёсат 23 Iyun 2025 2384

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух рӯзҳои 24–25 июн бо сафари давлатӣ аз ин кишвар боздид мекунад.

    Тибқи барномаи сафари расмӣ дар шаҳри Улан-Батор баргузор намудани мулоқоту музокироти дуыониба дар сатҳи олӣ дар назар аст.

    Дар ҷараёни вохӯриҳо масъалаҳои рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории амалӣ байни Ӯзбекистон ва Муғулистон баррасӣ хоҳанд шуд.

    Афзоиши ҳаҷм ва густариши номгӯи мубодилаи мол, пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, бахши истихроҷ, нақлиёт ва дигар самтҳои афзалиятнок, ҳамчунин идомаи табодули фаъол дар соҳаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт.

    Дар поёни нишаст қабули бастаи созишномаҳо дар назар аст.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates