Бинобар барномаи боздид 2-3 июл дар шаҳри Боку ҷамъомади дуюми Шӯрои олии байнидавлатӣ ва чорабиниҳои дигар дар дараҷаи олӣ ба вуқӯъ меоянд.
Масъалаҳои минбаъд мустаҳкам намудани муносибати дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ва ҳамчунин вусъат додани ҳамкорӣ ва мубодила дар самтҳои афзалиятноки ҳамкории Ӯзбекистону Озарбойҷон баррасӣ хоҳанд гардид.
4 июл дар шаҳри Хонкендӣ Президенти Ӯзбекистон дар анҷумани 17-уми Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ширкат менамояд ва чандин гуфтугӯйи дуҷониба ба амал меорад.









