Тибқи барнома, дар Исломобод мулоқотҳо бо Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, Сарвазир Шаҳбоз Шариф, Фармондеҳи олии Қувваҳои мудофиа — фармондеҳи қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ, фелдмаршал Осим Мунир, инчунин баргузории ҷамъомади якуми Шӯрои ҳамкории стратегӣ дар назар аст.
Масъалаҳои боз ҳам амиқтар намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкории бисёрҷанба миёни Ӯзбекистон ва Покистон дар маркази гуфтугӯҳои сатҳи олӣ қарор хоҳанд дошт.
Густариши муколамаи сиёсӣ, таҳкими робитаҳо байни ҳукуматҳо, парламентҳо, доираҳои соҳибкорӣ ва минтақаҳои ду кишвар ҳамаҷониба баррасӣ мегардад.
Ҷонибҳо ба афзунсозии гардиши мол, пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, нақлиёт ва инфрасохтор, сайёҳӣ, инчунин идомаи робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳанд.
Дар бораи масъалаҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва минтақавӣ низ табодули афкор сурат мегирад.
Дар анҷоми музокирот имзои Эъломияи муштарак ва маҷмӯи санадҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок дар назар аст.
Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин дар форуми муштараки соҳибкорони пешсафи ду кишвар иштирок хоҳад кард.