Президенти Ӯзбекистон бо сафари давлатӣ ба Қазоқистон меравад

    Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 7-9 август ба ин кишвар бо сафари давлатӣ ташриф меорад.

    Тибқи барнома музокироти сарони давлатҳо ва ҷаласаи нахустини Шӯрои олии байнидавлатӣ таҳти раёсати президентҳо дар назар аст.

    Дар он масъалаҳои амиқсозии минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ўзбекистон ва Қозоғистон, ҷанбаҳои кунунии рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

    Густариши ҳамкориҳои амалӣ дар бахшҳои тиҷорат, кооператсияи саноатӣ, нақлиёту логистика, энергетика, кишоварзӣ ва хоҷагии об ва дигар самтҳои афзалиятнок дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор хоҳанд гирифт.

    Интизор меравад, ки бастаи устувори ҳуҷҷатҳое, ки ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба нигаронида шудаанд, қабул карда шаванд.

    Қобили зикр аст, ки дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ дар пойтахти Қазоқистон чорабиниҳои тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ҷараён доранд.

    Ифтитоҳи ёдгорӣ ба шоири бузурги ўзбек ва мутафаккир Алишер Навоӣ ба нақша гирифта шудааст.

    Президенти Ӯзбекистон 9 август дар Ҷаласаи навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нахустин нишасти Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон», ки дар Остона баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates