Дар кори ин чорабинӣ, ки таҳти раёсати Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов баргузор шуд, Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин роҳбарони як қатор давлату ҳукуматҳо ва ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ иштирок карданд.
Мувофиқи рӯзномаи конфронс масъалаҳои мубрами таҳкими ҳамбастагии нақлиётӣ ва содасозии расмиёти тиҷоратӣ, трансформатсияи иқтисодӣ, баланд бардоштани устуворӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим ва хатарҳои муҳити зист, ҳамчунин пешрафт дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ гардиданд.
Дар оғози суханронии худ Президенти Ӯзбекистон ба кӯшишҳои Туркманистон, ки ба расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, таъмини суботи глобалӣ ва минтақавӣ равона шудаанд, баҳои баланд дод.
Ӯ таъкид намуд, ки масъалаҳои дар конфронс баррасишаванда дорои аҳамияти ҳаётан муҳим мебошанд, зеро дур будан аз бандарҳои баҳрӣ ва зарурати гузариш аз қаламрави чандин давлат як қатор мушкилоти объективӣ ба вуҷуд меоранд.
Тарифҳои баланд, маҳдудияти иқтидори гузариши долонҳо ва инфрасохтори нақлиётӣ, инчунин вобастагӣ аз сиёсати гумрукӣ ва транзитии дигар кишварҳо аз ҷумлаи онҳост.
Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, дар натиҷаи хароҷоти баланди нақлиётӣ ва ноустувории транзит, минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамасола то 2 дарсади ММД-ро аз даст медиҳад.
Хароҷоти логистикӣ то 60 дарсади арзиши молҳоро ташкил медиҳанд, ки чанд маротиба аз меъёри миёнаи ҷаҳонӣ бештар аст.
Бо назардошти ин, рушди долонҳои транзитии боэътимоди нав ва инфрасохтори логистикӣ шарти муҳими пешрафти устувори минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
– Рӯзномаи имрӯза, ки ҳамаи моро ҷамъ овардааст, ба масъалаи асосӣ —адолат дахл дорад. Ин фароҳам овардани имконияти баробарҳуқуқона иштирок кардан дар иқтисоди ҷаҳонӣ барои кишварҳое, ки ба баҳр роҳ надоранд, мебошад, – зикр намуд сарвари Ӯзбекистон.
Ҳамзамон, ҳалли ин масъалаи мубрам иҷрои се шарти муҳимро тақозо мекунад:
Ин навсозии инфрасохтор ҳамчун пояи рушди устувор, пурзӯр гардондани ҳамбастагии нақлиётӣ бо мақсади пешгирии мушкилоти транзитӣ ва татбиқи ҳуқуқ ба рушд ҳамчун унсури калидии баробарии ҷаҳонӣ мебошад.
Солҳои охир дар Ӯзбекистон барои ташаккули шабакаи муосири нақлиётӣ ва логистикӣ бо ҷалби фаъоли бахши хусусӣ чораҳои низомнок амалӣ шуданд. Корҳои зиёд дар самти рақамисозии равандҳои тиҷоратӣ ва нақлиётӣ ба иҷро расиданд.
Ислоҳоти сохтории иқтисодӣ, либерализатсияи низоми тиҷорат ва беҳбудии куллии муҳити сармоягузорӣ натиҷаҳои назаррас доданд: рақобатпазирӣ боло рафт ва рушди инноватсионӣ суръат гирифт.
– Ба тағйироти динамикӣ дастовардҳои сатҳи сифатан нави эътимод ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ такони пурқувват бахшид, – таъкид намуд Сарвари давлати мо.
Имрӯз дар минтақа фазои ягонаи нақлиётӣ ва логистикӣ ташаккул меёбад. Барнома ва лоиҳаҳое татбиқ мешаванд, ки ҳадаф доранд Осиёи Марказиро ба маркази пурраи транзитӣ байни Шарқ ва Ғарб, Шимол ва Ҷануб табдил диҳанд.
Солҳои охир ҳаҷми савдои мутақобила 4,5 маротиба афзуд ва ба зиёда аз 11 миллиард доллар расид. Ҳаҷми сармоягузорӣ дучанд ва шумораи корхонаҳои муштарак панҷ баробар зиёд шуд.
Имсол, дар ҳамкорӣ бо шарикон сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон оғоз гардид. Ҳаҷми боркашонӣ тавассути долони нақлиётии Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия ба таври назаррас афзоиш ёфт.
Ба мақсади бартарафсозии мушкилоти муштараки кишварҳое, ки ба баҳр роҳ надоранд, Президенти Ӯзбекистон як қатор пешниҳод ва ташаббусҳои мушаххас ба миён гузошт.
Пеш аз ҳама, зарурати амалҳои ҳамоҳангшуда барои рушди пешқадами долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва инфрасохтор таъкид гардид.
Дар ин замина, ба аҳамияти тезонидани татбиқи лоиҳаи роҳи оҳани Ӯзбекистон – Афғонистон – Покистон ва пайвастани он ба роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон, ки дар ҳоли сохтмон аст, ишора шуд.
– Ин имконият медиҳад, ки дар минтақаи васеи мо фазои нави тиҷоративу иқтисодӣ ва инфрасохтори устувори нақлиётӣ ташаккул ёбад, – таъкид намуд роҳбари Ӯзбекистон.
Сарвари давлат ҳамзамон даъват ба амал овард, ки потенсиали долони миёна пеш аз ҳама, бо роҳи татбиқи сиёсати ҳамоҳангшудаи транзитӣ, ягонасозии қоидаҳо ва ҷорӣ намудани тарифҳои оптималӣ барои боркашонии контейнерҳо пурра ба кор андохта шавад.
Президенти Ӯзбекистон инчунин пешниҳод намуд, ки таҳти сарпарастии СММ Созишномаи глобалӣ оид ба кафолатҳои транзитӣ барои кишварҳое, ки ба баҳр роҳ надоранд, таҳия карда шавад.
Ҳадафи ин ҳуҷҷат фароҳам овардани шароити дастрасии одилона ба бандарҳо ва шабакаҳои коммуникатсионӣ, кам кардани хатарҳои боркашонӣ ва коҳиши нобаробарӣ дар логистикаи ҷаҳонӣ мебошад.
Бо дарназардошти эҳтиёҷи рӯзафзуни кишварҳо ба воситаҳои сармоягузории чандир барои маблағгузории лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, роҳбари давлати мо таҳти сарпарастии СММ таъсис додани Фонди дастгирии ҳамгироии логистикиро барои кишварҳое. ки ба баҳр роҳ надоранд, ба миён гузошт.
Тибқи арзёбиҳо, эҳтиёҷи солонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сармоягузорӣ дар инфрасохтори нақлиётӣ тақрибан 40 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Сарвари Ӯзбекистон ҳамчунин барои таҳияи Индекси глобалии осебпазирии кишварҳое, ки ба баҳр роҳ надоранд, изҳори назар намуд, ки ҳадафи он ба таври объективӣ муайян кардани маҳдудиятҳои имкониятҳо дар соҳаи транзит, васеъ намудани барномаҳои байналмилалии молиявӣ ва техникии кумак ва тақсимоти самараноки захираҳо бо назардошти шароити воқеӣ мебошад.
Ба аҳамияти татбиқи пешниҳод оид ба таъсиси Хаби инноватсионӣ дар Ӯзбекистон барои рушди соҳаи кишоварзӣ эътибор дода шуд. Ин иқдом ба ҷорӣ намудани агротехнологияҳои мутобиқшаванда, пешбурди лоиҳаҳои сарфаи об, таъмини амнияти озуқаворӣ, мубодилаи дониш ва таҷриба мусоидат мекунад.
Роҳбари Ӯзбекистон инчунин зарурати ҷалби фаъолонаи коршиносони пешсаф ва марказҳои таҳлилиро бо мақсади таҳияи пешниҳодҳо барои рафъи мушкилоти умумӣ, аз ҷумла тавассути баргузории форумҳои байналмилалӣ ва мизҳои мудаввар таъкид намуд.
– Ба рӯзномаи чунин чорабиниҳо метавонанд масъалаҳои таъмини ҳамгироии амиқ ба занҷираҳои глобалии истеҳсолот, рушди босуръати зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ, васеъ намудани сармоягузории фаромарзӣ ва дастгирии стартапҳо шомил карда шаванд, – таъкид намуд Президент.
Ӯ инчунин изҳор дошт, ки Ӯзбекистон ният дорад ба фаъолияти Маркази байналмилалии таҳлилии кишварҳое, ки ба баҳр роҳ надоранд, ҳамроҳ шавад.
Дар фарҷом, Сарвари давлати мо омодагии Ӯзбекистонро барои шарикии созанда ва дарозмуддат ба хотири ташаккули меъмории одилонаи рушди глобалӣ тасдиқ намуд.
Аз рӯи натиҷаи Конфронс Эъломияи сиёсии Аваза қабул гардид.












