Президенти Ӯзбекистон муҳим будани густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо Иттиҳоди Аврупо таъкид намуд

    Ҳукумат 17 May 2023 4813

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 май дар ҳошияи ҳамоиши сарони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Самарқанд ҳайати Иттиҳоди Аврупоро таҳти сарварии муовини иҷроияи Раиси Комиссияи Аврупо Валдис Домбровскис ба ҳузур пазируфт.

    Масъалаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Ӯзбекистон ва ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар формати минтақавӣ баррасӣ шуданд.

    Валдис Домбровскис ба сарвари давлатамон саломи самимии Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен ва Президенти Шӯрои Аврупо Шарлз Мишелро расонд. Ба дигаргунсозиҳои бебозгашти демократӣ ва ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ дар Ӯзбекистони Нав тарафдорӣ баён карда шуд.

    Зимни мулоқот бо қаноатмандӣ фаъол шудани робитаҳо ва табодули сермаҳсул, динамикаи рӯзафзуни ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, иқтисодиёти «сабз», энергетика, кишоварзӣ, нақлиёту логистика, инчунин дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ қайд карда шуд. Табодули молии Ӯзбекистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз аввали сол 65 дарсад афзоиш ёфтааст. Сандуқи лоиҳаҳои татбиқшуда ва ояндадор бо ширкатҳои пешрафтаи аврупоӣ ва муассисаҳои бонкӣ ва молиявӣ аз 20 миллиард евро зиёд аст.

    Муҳимияти идомаи муколамаи пуршиддат бо ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо, пеш аз ҳама дар самти иқтисодӣ таъкид шуд. Масъалаҳои қабули Созишномаи густурдаи шарикӣ ва ҳамкорӣ, шомил шудани кишвари мо ба Созмони ҷаҳонии савдо ва иштирок дар низоми имтиёзноки "GSP+" дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates