Президенти Ўзбекистон дар ҳамоишҳои ИИАО ва ИДМ нутқ эрод мекунад

    Ҳукумат 13 Oktabr 2021 5178

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 14-15 октябр дар кори ҳамоишҳои ИИАО ва ИДМ дар шакли алоқаи видеоконфронс иштирок мекунад.

    14 октябр сарвари давлати мо дар мақоми нозир дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё, ки таҳти раёсати ҷониби Қазоқистон баргузор мешавад, суханронӣ мекунад.

    Ба ҳайати Шӯро президентҳои Русия, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон, Сарвазири Арманистон шомиланд. Интизор меравад, ки Президенти Куба низ дар ин нишаст ба ҳайси нозир баромад мекунад.

    Мувофиқи рӯзнома масъалаҳои мубрами амиқсозии минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баррасӣ мешаванд.

    Роҳбари Ўзбекистон дар нутқи худ самтҳои пешомадноки ҳамкории амалӣ бо ИИАО-ро муаян менамояд.

    Қобили зикр аст, ки моҳи декабри соли гузашта ба кишвари мо мақоми давлати нозир дар Созмон дода шуд. Моҳи апрели соли ҷорӣ Меморандуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва Нақшаи чорабиниҳои муштарак барои солҳои 2021-2023 қабул шуданд.

    15 октябр ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад, ки дар кори он раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.

    Дар рафти чорабинӣ таҳти раёсати ҷониби Белорус натиҷаҳои ҳамкории бисёрҷониба дар тӯли 30 соли фаъолияти Созмон, инчунин нақшаҳои муштараки тавсеаи минбаъдаи шарикӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, ҳамкориҳои саноатӣ, нақлиёт, муҳоҷират, фарҳанг ва мубодилаи гуманитарӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

    Масъалаҳои мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир ба амният, инчунин рушди устувор дар минтақа васеъ баррасӣ хоҳанд шуд.

    Интизор меравад, ки Президенти Ӯзбекистон, ки ҳамраиси Иттиҳод аст, барои расидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои Консепсияи рушди дарозмуддати ИДМ як қатор ташаббусҳои муҳим ба миён гузорад.

    Дар натиҷаи чорабинӣ маҷмӯи санадҳои бисёрҷониба қабул карда мешаванд, ки ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар фазои ИДМ нигаронида шудаанд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates