Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Эрон роҳҳои густариши ҳамкориҳои амалиро баррасӣ кард

    Ҳукумат 16 Sentabr 2021 4805

    Дар доираи рӯзи аввали барномаи будубошаш дар Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ мулоқот намуд.

    Дар оғози сӯҳбат сарвари давлати мо бори дигар Президенти Эронро ба муносибати ба мақоми олии давлатӣ интихоб шуданаш самимона табрик гуфта, ба ӯ дар кори масъулиятнок муваффақиятҳои бузург таманно намуд.

    Ба масъалаҳои вусъат додани ҳамкории амалӣ диққати махсус дода шуд.

    Аз аввали сол афзоиши устувори нишондиҳандаҳои тиҷорати мутақобила ба назар мерасад. Лоиҳаҳои тиҷоратӣ дар соҳаи кишоварзӣ, паррандапарварӣ ва моҳипарварӣ, саноати хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо бомуваффақият амалӣ мешаванд.

    Бо мақсади дастгирии динамикаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва муайян кардани "нуқтаҳои афзоиш"-и нав созишнома дар бораи пурзӯр кардани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ба имзо расид.

    Илова бар ин, дар сатҳи идораҳои ваколатдор дурнамои таҳкими кооператсияи саноатӣ дар асоси "харитаи роҳ", инчунин имкони истифодаи самараноки иқтидори транзитии ду кишвар ҳамаҷониба омӯхта мешавад.

    Сарони давлатҳо ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи минтақавиро, аз ҷумла дар заминаи авзоъи дар Афғонистон ба вуҷудомада баррасӣ карданд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates