баннер
20 Apr 2025
08:24

    Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Эрон мулоқот анҷом дод

    Дар ҳошияи форуми байналмилалӣ дар шаҳри Ашқобод Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён мулоқот анҷом дод.

    Масъалаҳои кунунии рушди минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Эрон баррасӣ шуданд.

    Робитаҳои фаъол ва табодули судманди давомдор дар сатҳҳои гуногун бо қаноатмандӣ қайд гардид. Нишондиҳандаҳои муомилоти мол ва шумораи корхонаҳои муштарак меафзоянд.

    Сарони давлатҳо аҳамияти дастгирӣ ва татбиқи босуръати лоиҳаҳои кооператсия, тавсеаи номгӯйи маҳсулотро дар доираи Созишномаи савдои имтиёзнок таъкид намуданд.

    Роҳбарони Ӯзбекистон ва Эрон ҳамчунин доир ба рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.


    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech