Сарвари давлатамон муколамаи созанда, мубодилаи фаъол, ҳамкориҳои ошкоро ва судмандро бо САҲА бо қаноатмандии амиқ қайд кард.

Коршиносони бюро дар навсозии системаи миллии интихоботӣ, аз ҷумла дар кор карда баромадани Кодекси интихоботии мамлакатамон иштирок намуданд.

Намояндагии БИДҲИ/САҲА низ дар мушоҳидаи раъйпурсии конститутсионӣ, ки 30 апрели соли ҷорӣ баргузор шуд, ширкат варзиданд.

Дар рафти вохӯрӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор намудани овоздиҳии умумихалқӣ табодули амиқи афкор сурат гирифт.

Роҳбари миссияи БИДҲИ Урсула Гачек аз равандҳои бебозгашти таҳкими минбаъдаи дигаргуниҳои демократӣ ва ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ дар Ӯзбекистони Нав изҳори ҷонибдорӣ кард. Чораҳое, ки дар кишварамон оид ба шаффоф ва адолатнок баргузор намудани интихобот татбиқ мегарданд, қайд шуданд.