Президенти Ӯзбекистон дар вохӯрии муштарак бо пешвоёни тиҷорати Олмон иштирок кард

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мувофиқи барномаи ташриф ба шаҳри Остона дар вохӯрии муштараки пешвоёни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбарони ширкату бонкҳои пешрафтаи Олмон иштирок кард.

    Дар чорабинӣ Канслери Федералии Олмон Олаф Шолтс, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ширкат намуданд.

    Ба доираҳои тиҷоратии Олмон роҳбарони “KNAUF”, “Gunter Papenburg”, “CLAAS”, “Siemens Energy”, “Aurubis”, “Ernst Klett”, “Siemens Healthineers”, “Herrenknecht”, “DB Engineering & Consulting”, “Svevind Energy”, “Rhenus”, “HMS Bergbau” барин ширкату бонкҳои пешқадами Олмон намояндагӣ карданд.

    Президенти Ӯзбекистон иштирокдоронро самимона табрик намуда, натиҷаҳои бомуваффақияти вохӯрии самарбахшро, ки дар шаҳри Самарқанд бо соҳибкорони Олмон доир гардид, бо мамнуният қайд кард.

    Натиҷаҳои музокираҳо нишон доданд, ки соҳибкорони мамлакатҳоямон ба амиқсозии ҳамкориҳои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар асоси таҷрибаи пешқадам ва ҳалли технологии инноватсионии Олмон таваҷҷуҳи бештар доранд.

    Сарвари давлатамон дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ ба масъалаҳои густариши минбаъдаи шарикӣ бо Олмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.

    Таъкид гардид, ки ҳоло минтақаи Осиёи Марказӣ чун бозори васеъ ва динамикӣ суръати рушди устувори иқтисодии худро нишон медиҳад.

    Ба ин боз шудани сарҳадҳои байни давлатҳо, фароҳам гардидани шароитҳои зарурӣ барои гардиши маҳсулот дар байни минтақаҳо, сармоягузорӣ, ҳаҷми ҳамлу нақли бор, афзоиши равуои сайёҳон мусоидат намуд.

    Сарвари давлатамон ба зарурати баланд бардоштани ҷозибадории сармоягузории минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард.

    Ба ин муносибат дар саммити дирӯза ташаббуси таъсиси майдони доимӣ барои мулоқоти дуҷонибаи судманд – Шӯрои сармоягузорон ва соҳибкорони «Осиёи Марказӣ ва Олмон» ва дар баҳори соли оянда дар доираи Форуми сармоягузории Тошканд баргузор намудани нахустин вохӯрии он ба миён гузошта шуд.

    Инчунин, Сарвари давлатамон таҳияи “харитаи роҳ”-ро аз рӯйи васеъсозии ҳамкории сармоягузорӣ ва технологӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон пешниҳод кард. Бо ин ҳуҷҷат метавон механизмҳои аз тарафи давлат дастгирӣ ва рағбатноксозии сармоягузории ширкатҳои Олмон, инчунин дастгирии молиявии фаъолияти онҳоро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фаро гирифт.

    Имрӯзҳо якҷоя бо ҳамкорони минтақавӣ ва бо кумаки фондҳои сармоягузорӣ ва ширкатҳои муштарак минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва «ҳабҳои» саноатӣ таъсис ёфта, дар саноат энергетикаи «сабз», кишоварзӣ лоиҳаҳои бузург татбиқ мегарданд, инфрасохтор таҷдид карда мешаванд.

    Бо мақсади дастгирии чунин лоиҳаҳо марказҳои пешқадами муҳандисӣ, корхонаҳои сармоягузорӣ ва саноатии кишварҳои хориҷӣ фаъолона ҷалб мегарданд.

    Сарвари давлатамон ширкатҳои олмониро даъват кард, ки дар татбиқи лоиҳаҳои кооператсионии минтақавӣ бо шартҳои манфиатовари дуҷониба фаъолона иштирок намоянд.

    Президенти Ӯзбекистон дар поёни сухани худ изҳори боварӣ кард, ки мулоқотҳои мунтазам дар ин формат бо роҳбарони ширкату бонкҳои пешрафтаи Олмон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманди бисёрҷониба имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates