Ин ширкат, ки соли 2001 таъсис ёфтааст, яке аз бузургтарин таъминкунандагони таҷҳизоти тиббӣ дар минтақаи Халиҷ буда, соҳиби шабакаи васеи муассисаҳои хусусии тиббӣ дар Кувайт мебошад.
Сарвари кишвари мо бо қаноатмандӣ таъкид намуд, ки ҳамкориҳо дар самти ташхиси барвақтии бемориҳо босуръат рушд мекунанд. Нақшаҳои ширкат барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи хизматрасониҳои тиббӣ ва истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ дар минтақаҳои Ӯзбекистон дастгирӣ ёфтанд.