Президенти Ӯзбекистон хотираи Ҳайдар Алиевро пос дошт

    Ҳукумат 22 Avgust 2023 3389

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев баъди ба Боку расидан ба Хиёбони Ифтихор – оромгоҳи Пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ташриф овард.

    Ҳайдар Алиев дар бунёд ва таҳкими Озарбойҷони соҳибистиқлол хидматҳои беназир дорад. Давраи оғози тараққиёти пуравҷи мамлакат ва мустахкам шудани нуфузи он дар арсаи байналхалқӣ бо номи ӯ алоқаманд аст.

    Ҳайдар Алиевро дар кишвари мо хуб мешиносанд, ки ҳамеша ба таҳкими муносибатҳои дӯстона бо халқи бародари ӯзбек аҳамияти хоса медод. Садсолагии ӯ дар Ӯзбекистон васеъ ҷашн гирифта шуд. Маркаҳои почта бароварда шуданд, чорабиниҳои гуногуни маданию маърифатӣ ва илмӣ фаъолона баргузор гардиданд.

    Дар Тошканд кӯчаи ба номи Пешвои миллии халқи Озарбойҷон бо хиёбон ва барелефи ёдгорӣ кушода шуд.

    Шавкат Мирзиёев ба қабри арбоби бузурги давлатӣ ва сиёсӣ Ҳайдар Алиев гул гузошта, хотираи ӯро пос дошт.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates