Президенти Ӯзбекистон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ барномаи нави ҳамкориро муҳокима намуд

    Ҳукумат 30 Sentabr 2021 3539

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 30 сентябр ҳайати Бонки ҷаҳониро зери сарпарастии ноиб-президент Анна Бёрде қабул кард, ки дар мамлакатамон дар доираи барномаи Форуми иқтисодии Тошканд қарор дорад.

    Дар мулоқот масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки шарикии стратегии Ӯзбекистон бо ин ниҳоди маъруфи молиявии байналхалқӣ муҳокима гардиданд.

    Натиҷаҳои амалии ҳамкорӣ дар давраи пас аз ташрифи ҳайати Бонк ба мамлакатамон моҳи майи соли ҷорӣ бо қаноатмандӣ таъкид гардид.

    Аз он ҷумла, «харитаи роҳ»-и муштарак қабул гардида буд, ки ҳоло муваффақона ба амал татбиқ мегардад, гурӯҳҳои корӣ аз рӯйи самтҳои асосии ҳамкорӣ ташкил ёфтааст.

    Пешниҳод намудани қарзи имтиёзнок ба миқдори 540 миллион доллар барои татбиқи лоиҳаҳо дар заминаи инкишофи шаҳрҳои миёна, такомули сектори электроэнергетика, беҳсозии маъмурияти андоз тасдиқ карда шуд.

    Умуман сандуқи ҷорӣ 26 лоиҳаро бо ҷалби таъмини молиявии Бонки ҷаҳонӣ ба миқдори 4,8 миллиард доллар дар бар мегирад.

    Инчунин натиҷаи кори муштарак оид ба омода намудани асосҳои методологии мубориза бо қашшоқӣ, дастгирии лоиҳаҳои сармоягузории сектори хусусӣ, пеш бурдани ислоҳоти корхонаҳои давлатӣ ва рушди энергетикаи офтобӣ дар Ӯзбекистон баррасӣ гардиданд.

    Самаранокии ҳамкории «Платформа оид ба мамлакатҳо» бо ниҳодҳои молиявии байналхалқӣ таъкид шуд, ки бо ташаббуси Бонки ҷаҳонӣ корандозӣ шудааст.

    Ноиб-президент Анна Бёрде ҷараёни ислоҳотро дар Ӯзбекистони Нав олӣ арзёбӣ намуд, ки бинобар суханони ӯ, хусусияти бемайлон касб намудааст.

    Омодагии Бонки ҷаҳонӣ барои васеъ намудани дастгирии бозсозие, ки барои баланд бардоштани дараҷа ва сифати ҳаёти аҳолӣ дар мамлакат нигаронда шудааст, таъкид шуд.

    Зимни гуфтугӯ дар бобати таҳия ва қабули Барномаи нави ҳамкорӣ оид ба мамлакатҳо аҳду паймон ба амал омад.

    Ба сифати корҳои бартаринок чунин самтҳои стратегӣ, мисли кам кардани қашшоқӣ, дастгирии таълим ва соҳаи иҷтимоӣ, рақамисозӣ ва гузаштан ба «иқтисодиёти сабз», идома додани трансформатсияи корхонаҳои давлатӣ, тезондани индустриализатсия ва такомули инфрасохтор дар минтақаҳо, рушди муттасили хоҷагии қишлоқ, аз он ҷумла бо роҳи васеъ татбиқ намудани инноватсия ва технологияи пешқадами обшорсозии қатравӣ муқаррар гардиданд.

    Ташаббуси намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар бораи ташаккули Платформаи нави бисёрҷонибаи гуфтугӯи занон-соҳибкорон дар минтақа дастгирӣ гардид.

    Ҷадвали чорабиниҳои оянда ва робитаҳо баррасӣ гардида, инчунин қадамҳои нахустин дар заминаи тезондани лоиҳаи муштарак мувофиқа гардид.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates