Дар чорабинӣ, ки таҳти раёсати Валиаҳд, Раиси Девони Вазирони Арабистони Саудӣ Шайх Муҳаммад бин Салмон Ол Сауд баргузор шуд, ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, Амири давлатии Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ, Сарвазири Имороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Рашид Оли Мактум, Муовини Амир, Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Мишаал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ал-Сабоҳ, муовини Сарвазири Султонати Уммон Шайх Асад бин Тарик ал-Саид, Намояндаи махсуси Шоҳи Баҳрайн Шайх Носир бин Ҳамад ал-Халифа ва котиби генералии Шӯро Ҷасим Муҳаммад ал-Будайвӣ иштирок карданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои рушди муколамаи созандаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд. Доир ба ҷанбаҳои мубрами сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Президенти Ӯзбекистон дар суханронии худ робитаи амиқи таърихии халқҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи Халиҷи Форсро, ки ба муносибатҳои наздики тиҷоратӣ, арзишу анъанаҳои муштарак, дини мубини ислом асос ёфтааст, таъкид кард. Саҳми мутафаккирон ва олимони барҷастаи мо дар рушди робитаҳои таърихии Мовароуннаҳр ва минтақаи Араб таъкид шуд. Яке аз онҳо олими бузург Имом ал-Бухорӣ буд, ки бо номи «Султони ҳама муҳаддисҳо» маъруф аст.
– Мо ифтихор дорем, ки ду нафар аз шаш диншиноси маъруфи ҷаҳони ислом дар минтақаи мо ба дунё омада, ба воя расидаанд ва Бухорои бостонӣ бо номи "Куббатул Ислом" - "Гумбади Ислом" шӯҳрат пайдо кардааст. Маълум аст, ки дар ибтидои асри IX дар Академияи «Хонаи хирад»-и пойтахти давлати Аббосиён зиёда аз 200 нафар олимони Осиёи Миёна фаъолияти илмии худро ба роҳ мондаанд. Ал-Хоразмӣ, Аҳмад Фарғонӣ, Абу Райҳони Берунӣ, Ибни Сино барин олими бузурги мо низ асарҳои бебаҳои илмии худро бо забони зебои арабӣ эҷод намуда, дар тамоми ҷаҳон шуҳрат пайдо кардаанд, – таъкид кард сарвари Ӯзбекистон.
Сарвари кишварамон вазъи кунуниро тавсиф намуда, қайд кард, ки сарфи назар аз хатару чолишҳои имрӯза ҳарду минтақа ҳамчун фазои сулҳу субот ва пешрафт боқӣ мондаанд. Давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс шарикони боэътимод ва дарозмуддат мебошанд.
Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки солҳои охир муносибатҳои Ӯзбекистон ва кишварҳои Халиҷи Форс ба сатҳи сифатан нав баромад.
Бо дарназардошти ин таҷрибаи мусбат пешниҳод шудааст, ки ҳамкориҳои амалии ду минтақа дар як қатор самтҳои афзалиятнок густариш дода шаванд.
Сарвари Ӯзбекистон дар арсаи сиёсӣ аҳамияти рушди ҳамкориҳои густурда дар шаклҳои гуногунро қайд кард.
Ба мақсади ба ҳам наздик шудани мамлакатҳо ва халқҳои бародар таклиф карда шуд, ки масъалаи тартиб додани Созишномаи бисёртарафаи дӯстӣ, алоқаи байниҳамдигарии минтақавӣ ва ҳамкорӣ омухта шавад.
Самти дуюм – ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои олӣ ва сармоягузорӣ. Сарвари давлат зарурати фароҳам овардани платформа ва механизмҳои кории ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия, зеҳни “сунъӣ”, иқтисодиёти “сабаз”, рақамигардонӣ, кишоварзии оқил, нано-биотехнологияҳоро таъкид намуд. Ташаббус дар бораи таъсиси Шӯрои муштараки сармоягузорон бо иштироки намояндагони соҳибкорон ва баргузории ҷаласаи нахустини он дар шаҳри Самарқанд ба миён гузошта шуд.
– Мо аз истифодаи самараноки иқтидори фондҳои сармоягузорие, ки аз ҷониби шарикон дар минтақаи мо таъсис дода шудаанд, ва тавсеаи фаъолияти бонкҳои пешрафтаи кишварҳои Халиҷи Форс манфиатдорем. Инчунин қабули “Харитаи роҳ”-и алоҳидаро барои татбиқи муштараки лоиҳаҳои энергетикии “сабз” муҳим мешуморам, – изҳор кард Президенти Ўзбекистон.
Самти сеюм – мустаҳкам намудани пайвастагии савдо ва нақлиёт. Сарвари давлатамон муҳим будани ташкили минтақаи тиҷорати озод бо кишварҳои Халиҷи Форс, ҳамоҳангсозии қоидаҳои техникӣ ва рушди тиҷорати электрониро таъкид кард. Ба ин муносибат таклиф карда шуд, ки масъалаи имзо кардани Созишномаи бисёртарафаи тиҷоратӣ кор карда шавад.
Дар соҳаи нақлиёт ва транзит пешниҳод карда шуд, ки ҳангоми истифодаи Долони нақлиётии миёна, аз тарифҳои мусоид истифода бурда, хатсайрҳои мавҷудаи мултимодалӣ васеъ ба кор дароварда, парвозҳои мустақим бо истифода аз чораҳои субсидиявӣ зиёд карда шавад.
Раҳбари кишвари мо инчунин аз шарикон даъват кард, ки дар лоиҳаи стратегии сохтмони роҳи оҳани Трансафғон, ки кишварҳои Халиҷи Форсро бо Осиёи Марказӣ дар кӯтоҳтарин масири мепайвандад, фаъолона иштирок кунанд.
Соҳаи муҳими навбатӣ экология ва тағирёбии иқлим мебошад. Аҳамияти таҳияи Барномаи муштараки тадқиқоти байналмилалӣ дар заминаи Донишгоҳи омӯзиши муҳити зист ва тағирёбии иқлими Осиёи Марказӣ, ки дар кишвари мо кушода мешавад, қайд карда шуд.
Диққати иштирокдорон ба имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ ҷалб карда шуд. Пешниҳод карда шуд, ки дар шаҳри Хива макони бидуни раводиди сайёҳии “Хориҷ – Осиёи Марказӣ”, кластерҳои замонавӣ ва маҳсулоти муштараки сайёҳӣ таъсис дода шавад, инчунин форуми пешбари туроператорони ду вилоят баргузор карда шавад, ки он Пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом дар соли 2024 эълон шудааст.
Алоҳида ба масъалаи муборизаи муштарак дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои исломӣ бар зидди ҳодисаҳои исломофобия, ки дар ҷаҳон мушоҳида мешавад, дахл карда шуд.
Илова бар ин, зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, радикализм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳифзи ҷавонон аз паҳншавии ин таҳдидҳо тавассути интернет ва дигар шабакаҳо зикр гардид.
Президенти Ӯзбекистон ба масъалаҳои сулҳ дар Афғонистон дахл кард.
– Минтақаҳои мо бояд фаъолнокӣ нишон диҳанд ва таваҷҷуҳи тамоми ҷомеаи ҷаҳониро аз минбарҳои баланд ба мушкилоти Афғонистон ҷалб кунанд, то зиндагии мардуми Афғонистон осонтар гардад, – таъкид дошт роҳбари давлатамон.
Дар анҷоми суханронии худ Президенти Ӯзбекистон изҳори итминон кард, ки натоиҷи ҳамоиши таърихии имрӯза ба ба сатҳи тамоман нав баровардани равобити гуногунҷанбаи минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс хидмат хоҳад кард.
Дар натиҷаи чорабинӣ Изҳороти муштарак қабул гардид.
Иштирокчиёни ҳамоиш аз пешниҳоди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи баргузории мулоқоти навбатии раҳбарон дар шакли «Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс» дар шаҳри Самарқанд ҷонибдорӣ карданд.