Президенти Ӯзбекистон дар ҳамоиши СААД иштирок кард

    Ҳукумат 23 Avgust 2021 5457

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 август дар иҷлосияи ғайринавбатии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД)  дар шакли видеоконфронс, ки ба вазъ дар Афғонистон бахшида шуд, ба сифати меҳмони даъватшуда иштирок кард.

    Дар кори ҷаласа, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузашт, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ва Дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок карданд.

    Дар рафти иҷлосия оид ба вазъ дар Афғонистони ҳамсоя, инчунин чораҳо оид ба вокуниш ба мушкилот ва таҳдидҳо ба субот дар минтақа мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба иштирокдорони вохӯрӣ дар бораи чорабиниҳо оид ба мусоидат ба таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла бехатарии боэътимод ва ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон маълумот дод.

    Роҳбари давлати мо бо қаноатмандӣ ба роҳ монда шудани ҳамкории босамар ва мубодилаи таъҷилии иттилоотро бо сохторҳои алоқаманди давлатҳои минтақа дар самти Афғонистон таъкид кард.

    Бинобар ҷамъбасти ҳамоиш дар бораи идомаи машваратҳои муштарак ва табодули мунтазами иттилоот дар бораи вазъи минтақа созиш ҳосил шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates