Президенти Ӯзбекистон имкониятҳои васеи ҳамкории минтақаҳои мамлакатро бо Тотористон қайд кард

    Ҳукумат 16 Iyun 2021 13224

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 июн ҳайати Русияро таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов пазируфт.

    Ҷанбаҳои амалии густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни минтақаҳои кишвари мо ва Тотористон дар мисоли вилояти Тошканд баррасӣ шуданд.

    Имкониятҳои васеи мавҷуда барои пешбурди самараноки лоиҳаҳои муштарак ва барномаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок махсус қайд карда шуданд. Инро бори дигар натиҷаҳои муваффақонаи чорабиниҳои форуми дуҷонибаи соҳибкорӣ тасдиқ карданд.

    Сухан дар бораи созмон додани парки муштараки саноатӣ ва ташкили истеҳсоли технологияҳои олии маҳсулоти кимиёвӣ, маҳсулоти металлургӣ, маҳсулоти электротехникӣ ва таҷҳизоти гуногун, масолеҳи сохтмон, гузарондани корҳои муштараки тадқиқотӣ, лоиҳаҳо дар соҳаи рақамисозӣ ва ҷорӣ кардани қарорҳои инноватсионӣ меравад.

    Зарурати рушди шабакаи васеи савдою логистика бо мақсади зиёд намудани интиқоли тарафайни маҳсулоти серхаридори саноатӣ ва кишоварзӣ қайд гардид.

    Ғайр аз ин, ба масъалаҳои ҳамкорӣ ва омӯзиши технологияҳои пешрафта дар соҳаи шаҳрсозӣ, идоракунии хоҷагии манзилию коммуналӣ ва кабудизоркунӣ, такмили коммуникатсияи нақлиётӣ ва инфрасохтор диққати калон дода шуд.

    Инчунин мубодилаи фаъоли фарҳангию гуманитарӣ ва таълимӣ низ идома хоҳад ёфт.

    Бинобар ҷамъбасти мулоқот дар бораи пешбурди лоиҳаҳои шарикии амалӣ оид ба самтҳои асосӣ дар асоси “харитаи роҳ”-и муштарак созиш ба даст оварда шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates