Президенти Ўзбекистон дар нишасти "Осиёи Марказӣ ва ИА" суханронӣ карда, дар Тошканд президенти Шӯрои Аврупоро ба ҳузур мепазирад

    Ҳукумат 26 Oktabr 2022 5227

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 октябр бо сафари корӣ барои иштирок дар ҷаласаи нахустини сарони давлатҳо дар шакли “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ба шаҳри Остона меравад.

    Дар назар аст, ки дар ин чорабинӣ Президенти Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел ва раҳбарони кишварҳои минтақаи мо ширкат кунанд.

    Тибқи рӯзномаи ҷаласа дурнамои рушди муколамаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ, фаъолгардонии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва табодули фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ мешавад.

    Бегоҳи ҳамон рӯз ташрифи Президенти Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар назар аст.

    28 октябр музокироти ӯзбекистониву аврупоӣ дар сатҳи олӣ баргузор мешавад. Маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешаванд.

    Меҳмони олӣ дар вақти омадан ба мамлакати мо ба шаҳри Самарқанд низ ташриф меорад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates