Сарвари давлатамон ба раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки ин ҷоизаи олӣ эътирофи дастовардҳои муштарак дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва шарикии стратегии кишварҳои мост.
- Ба туфайли иродаи сиёсӣ ва саъю кӯшиши муштарак имрӯз Осиёи Марказӣ ба фазои некҳамсоягӣ, ҳамкории мутақобила ва рушди устувор табдил меёбад, - қайд намуд дар суханронии худ Шавкат Мирзиёев.
Дар натиҷаи корҳои ҳамоҳангшуда ҳаҷми муомилоти мол ва сармоягузорӣ ба таври назаррас афзоиш ёфта, лоиҳаҳои бузурги ҳамкорӣ амалӣ мегарданд, минтақаҳои савдои наздисарҳадӣ, занҷирҳои арзиши иловагӣ, инфрасохтори муосири нақлиётию энергетикӣ ба вуҷуд меоянд.
Ҳисси ҷомеа ва ҳувияти минтақавӣ ҳарчи бештар мустаҳкам мешавад. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки шаҳрвандони кишварҳои минтақа ин ҳама тағйироти мусбатро дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ эҳсос мекунанд.
Қайд гардид, ки ба шарофати таҳкими субъективияти байналмилалӣ ва ҷолибияти баланди минтақа он ба маркази фаъолнокии иқтисодӣ, пули нақлиётию коммуникатсионӣ, ки Шарқу Ғарб, Шимолу Ҷанубро мепайвандад, табдил меёбад.
Сарвари давлатамон махсусан таъкид кард, ки дар натиҷаи татбиқи мунтазами ташаббусу қарорҳои муҳим раванди наздикшавии кишварҳои минтақа хусусияти устувор, пайгирона ва бебозгашт касб кардааст.
Дар хотима Шавкат Мирзиёев бори дигар ба ҳамкасбонаш барои мукофоти олӣ изҳори сипос намуда, итминон дод, ки табдил додани Осиёи Марказӣ ба минтақаи осоишта ва шукуфон ҳамеша ҳадафи афзалиятноки сиёсати хориҷии Ӯзбекистон хоҳад буд.