Президенти Ӯзбекистон дар Мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок мекунад

    Ҳукумат 4 Avgust 2021 4839

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов 5-6 августи соли равон дар Мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар минтақаи миллии сайёҳии "Аваза", Турманистон баргузор мегардад, иштирок мекунад.

    Дар ин чорабинӣ, ки таҳти раёсати сарвари Туркманистон баргузор мешавад, ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунанд.

    Сарони давлатҳо натиҷаҳои иҷрои созишномаҳои Мулоқоти машваратии моҳи ноябри соли 2019 -ро баррасӣ мекунанд.

    Ба рӯзнома инчунин масъалаҳои рушди босабот ва устувори минтақа, афзоиши тиҷорат, фароҳам овардани шароити мусоид барои шарикӣ дар соҳаи энергетика, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, муттаҳидсозии талошҳо оид ба мубориза бо пандемия ва ғайра дохил шудаанд.

    Интизор меравад, ки сарвари Ўзбекистон дар нутқи худ як қатор ташаббусҳое, ки ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дстӣ ва некҳамсоягӣ, эътимоди тарафайн ва дастгирӣ нигаронда шудаанд, пеш гузошта, самтҳои пешомадноки ҳамкории минтақавиро дар асоси манфиатҳои умумии дарозмуҳлат баён месозад.

    Бинобар ҷамъбасти ҳамоиш санадҳои муҳими бисёрҷониба, аз ҷумла Изҳороти муштараки сарони давлатҳо қабул карда мешаванд.

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон инчунин баргузор намудани мулоқотҳои дуҷонибаро бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифтааст.

    Дар доираи барномаи Вохӯрии машваратӣ баргузории мулоқоти Муколамаи занони пешсаф, Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ, намоишгоҳи молҳои миллӣ, фестивали таомҳои миллии ошхонаҳо, инчунин консерти тантанавии устодони санъат кишварҳои минтақа дар назар аст.

    Бояд тазаккур дод, ки ташаббуси баргузории мулоқотҳои машваратӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2017 ҳангоми иштирок дар иҷлосияи 72 -юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид гузошта шуда буд.

    Аввалин ҳамоиши сарони давлатҳо моҳи марти соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон Нур-Султон, дувуминаш моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканд баргузор шуданд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates