баннер
13 Apr 2025
21:25

    Президенти Ӯзбекистон роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 апрел роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои Осиёи Марказиро, ки барои иштирок дар иҷлосияи 150-уми Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарлумонӣ ба кишвари мо ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

    Дар мулоқоти муштарак Раиси Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Қошанов, Торага Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу, Раиси Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ва Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгозел Гулманова иштирок карданд.

    Меҳмонони воломақом ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон салом ва таманниёти неки роҳбарони кишварҳои худро расонида, аҳамияти баланди ин чорабинии байналмилалиро, ки бори аввал дар минтақаи мо баргузор мегардад, махсус таъкид намуданд.

    Масъалаҳои таҳкими минбаъда ва амиқсозии муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни кишварҳои бародар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Ба натиҷаҳои судманди Саммити нахустини «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» ва Форуми иқлимӣ, ки 4 апрел дар шаҳри Самарқанд баргузор гардиданд, баҳои баланд дода шуд.

    Бо қаноатмандии махсус қайд гардид, ки робитаҳо дар сатҳи олӣ ва баланд фаъолона идома доранд. Хусусияти таърихии мулоқотҳои ахир дар минтақа, аз ҷумла ҳалли пурраи масъалаҳои делимитатсияи сарҳадот ва имзои Созишнома дар бораи нуқтаи пайвасти марзҳои давлатии Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таъкид гардид.

    Тайи солҳои охир ҳаҷми савдои байни кишварҳои минтақа даҳҳо маротиба афзоиш ёфта, минтақаҳои тиҷоратии наздисарҳадӣ таъсис дода мешаванд.

    Лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла дар минтақаҳои кишварҳои мо, бомуваффақият татбиқ мегарданд. Барномаҳои ҳамкории ғании фарҳангӣ ва маърифатӣ амалӣ мешаванд.

    Дар ҷараёни мулоқот аҳамияти тақвияти муколамаи парлумонӣ, аз ҷумла дар сатҳи кумитаҳо, барои наздиксозии ду кишвар ва халқҳо, пешбурди ташаббусҳои муштарак ва лоиҳаҳои ҳамкорӣ, густариши робитаҳои байниминтақавӣ ва мубодилаи башардӯстона таъкид гардид.

    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech