Президенти Ӯзбекистон дар чорабинии махсус дар доираи омодагӣ ба Вохӯрии машваратии роҳбарони кишварҳои минтақа иштирок кард

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 августи соли 2025 дар чорабинии махсус, ки ба масъалаҳои омодагӣ ва баргузор намудани вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст, ширкат варзид.

    Дар ин чорабинӣ Пешвои Миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Девони Вазирон – Роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Қасималиев ва Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов, инчунин аъзои ҳайатҳои расмӣ ва намояндагони ҷомеа иштирок карданд.

    Тибқи рӯзномаи чорабинӣ ҷанбаҳои асосии омодагӣ ба Вохӯрии навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Роҳбари кишвари мо дар бораи корҳои муштараке, ки дар доираи раёсатии Ӯзбекистон дар ин формат ба роҳ монда шудаанд, маълумот дод. Аз ҷумла, дар аввали сол Консепсияи раёсат ва Ҷадвали чорабиниҳои муштарак қабул гардида буданд.

    Вохӯриҳои котибони шӯроҳои амният, роҳбарони хадамоти махсус, вазирони саноат, энергетика, хоҷагии об ва экология, инчунин форумҳои расонаӣ ва ҷавонон баргузор гардиданд.

    То охири сол баргузории форуми байнипарлумонӣ, вохӯриҳои вазирони дифоъ, савдо ва нақлиёт, инчунин як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар назар аст.

    Бо мақсади ташаккули рӯзномаи нави ҳамкории минтақавӣ ва таҳкими пойгоҳи меъёриву ҳуқуқии он таҳияи ҳуҷҷатҳои консептуалии вохӯрӣ идома дорад.

    Таъкид гардид, ки дар доираи Саммити Тошканд ҷониби Ӯзбекистон ният дорад як қатор ташаббусҳоро оид ба тақвияти муколамаи сиёсӣ, ба роҳ мондани неруҳои нави ҳамкории иқтисодӣ ва рушди савдои наздимарзӣ пешниҳод намояд. Дар меҳвари таваҷҷуҳ ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои об ва энергетика, тавсеаи алоқаҳои нақлиётӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим қарор хоҳанд дошт.

    Бо қаноатмандӣ иштироки ҷониби Озарбойҷон дар чунин чорабиниҳо таъкид гардид. Имрӯз кишварҳои минтақа бо Озарбойҷон ҳамкориҳои пурсамар ба роҳ мондаанд. Лоиҳаҳо дар соҳаҳои савдо, нақлиёт ва энергетикаи «сабз» амалӣ мешаванд.

    Дар интиҳо Президенти Ӯзбекистон изҳори боварӣ намуд, ки равандҳои ҳамоҳангшуда ва мувофиқшудаи кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳанд, ки ба ҳадафҳои муштараки рушди устувор ва шукуфоии минтақа ноил гарданд.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates